Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» - | Муовини котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк аз номи ИМА ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаки Тоҷикистон дар масоили Афғонистон изҳори сипос намуд.
Дар ин бора Роберт Блейк пас аз анҷоми мулоқоти дусоата бо президенти Тоҷикистон ба журналистон хабар дода гуфт, ки зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкориҳо дар самти амнияти марзӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддар баррасӣ гаштанд.
Ёвари котиби давлатии Амрико инчунин иброз дошт, субҳи имрӯз ӯ бо палатаи савдои Амрико, ки муддати ду соли ахир дар Тоҷикистон фаъолият дорад вохӯрӣ анҷом дод. «Аз имконоти истифодаи сармояи Амрико дар баъзе лоиҳаҳои Т оҷикистон пурсон шудам»,- афзудБлейк.
Роберт Блейк ба Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси имконоти иштироки ширкатҳои амрикоӣ дар лоиҳаҳои энергетикӣ ва бозёфти канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон хабар дод. «Аммо барои ин Тоҷикистон бояд чанд мушкили худро дар бахши андозбандӣ ҳал намояд», -андеша дорад Ёвари котиби давлатии ИМА.
Инчунин ӯ афзуд, ки зимни вохӯрӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои озодии сухан ва мазҳаб мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста