Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» - | Давоми се моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 141 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии 125 млн доллар ворид карда шуд, ки 80% воридотро маҳсулоти Федератсия Русия ташкил медиҳад. Дар ин хусус муовини аввали раҳбари хадамоти гумрукии назди ҶТ Неъмат Раҳматов, рӯзи душанбе, ба журналистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ давоми се моҳ маҳсулоти нафтии зайл ба кишвар ворид карда шуданд: 82,2 ҳазор тонна бензин, 35,7 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 4,7 ҳазор тонна мазут ва ғ.
«Дар ин миён ба дӯши ширкати асосии нафтрасони Русия -«Газпромнефт» 35 % содирот ба кишварамон рост меояд, қисмати дигар таввасути ширкатҳои ватанӣ ворид мешаванд»,- мегӯяд Раҳматов.
Ӯ инчунин қайд кард,ки тамоми ширкатҳои нафтрасон, чи ватанӣ ва чи хориҷӣ, дар асоси шарту шароити якхела, бидуни имтиёз барои супоридани боҷи гумрукӣ фаъолият доранд.
Дар умум ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар се моҳаи аввали сол 1 млн 153,5 долларро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давараи соли сипаригашта 371 млн доллар ё 47,4 % зиёдтар аст.
Аз ин ҳисоб 755 млн доллар ба воридот ва 400 млн доллар ба содирот рост меояд, ки дар қиёс ба семоҳаи аввали соли гузашта 42,4% ва 57,8% бештар аст. «Ба қатори маҳсулоти содиротӣ молҳои зерин ворид мешаванд: алюмин - 71,1%, пахта - 23%, меваву сабзавот - 2,8%», иброз дошт Раҳматов. Ба шарҳи ӯ қисмати беши маҳсулоти содиротӣ ба Хитой - 20,2%, Туркия - 45,7%, Русия - 3,5%, Эрон - 4,2%, Афғонистон - 4,1%, Швейтсария - 3,1%, Латвия - 6,3% равона шудаанд.
Дар миёни маҳсулоти воридотӣ бошад афзалият ба маҳсулоти нафтӣ - 16,5 % ,орд - 4,2%, воситаи нақлиёт - 2,8% ва ғ. дода мешавад. Давлатҳои асосии содиротӣ - Русия - 29,2%, Қазоқистон - 12,4%, Хитой - 9,4%, Украина - 9%, Эрон - 5%, ИМА - 4,1% ва дигарон мебошанд.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста