Душанбе. 19 апрел. «Азия-Плюс» - | Деҳқонони кишвар то ба имрӯз дар 144 ҳазор гектар замин пумбадона кишт карданд, ки 68,6%- ро аз 210 ҳазор ҳектари барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, ташкил медиҳад.
Тарве ба «АП» аз вазорати кишоварзӣ хабар доданд, имрӯз дар майдонҳои пахта 1 ҳазору 23 трактор ба кор дароварда шудаанд.
Деҳқонони вилояти Хатлон дар кишти пумбадона, то ба имрӯз , пешсаф баромаданд. Дар вилоят 102,3 ҳаз. ҳектар замин ( 78,4% аз 130,5 ҳаз. ҳектари барои имсол ба нақша гирифта шуда) пумбадона кишт карда шуд. Вилояти Суғд 34,5 ҳаз. ҳектар ё худ 55,2% аз 62,5 ҳаз. ҳектари нақша ва навоҳеи тобеъи ҷумҳурӣ дар беш аз 7 ҳаз. ҳектар замин (42% аз 17 ҳаз. ҳектари ба нақша гирифта шуда) пумбадона кишт карданд.
Мавсими кишти пахта соли ҷорӣ дар Тоҷикистон расман авохири моҳи март шурӯъ шуд. Ба хотири баланд шудани арзиши пахта дар бозори ҷаҳонӣ, нақша аст имсол дар майдони 210 ҳаз. ҳектар замин пахта кишт карда шавад, ки эҳтимол аст аз он 400 ҳазор тонн ҳосил ҷамъоварӣ карда мешавад
Соли газашта аз 160,4 ҳаз. ҳектар замин кишти пахта 310 ҳазор тонн пахта ҷамъоварӣ карда шуд.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста