Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» - | Даромади ширкати «Тоҷик Эйр» дар се моҳаи аввали соли равон 12 млн сомони (2,6 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригашта 5 маротиба зиёд аст.
Тавре директори ҶСШК «Тоҷик Эйр» Музаффар Исоқов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, чунин даромад дар натиҷаи ба танзим даровардани кори ширкат ба даст омад.
«Танзими дурусти фурӯши чиптаҳо ва дастрасии онҳо ба мусофирон ба он оварда расонд, ки теъдоди мусофирони самти парвози байналхалқӣ то 20 % афзуданд. Новобаста аз он, ки шумораи парвоз дар соли равон ба маротиб кам карда шуд, мо тавонистем фоидаи бештаре ба даст орем», -иброз дошт Исоқов.
Инчунин директори ширкати хавопаймоӣ гуфт, ки парвозҳои дохилӣ, ки аз ҷониби ширкат амалӣ мешаванд ҳармоҳа ба миқдори наздики 150 ҳазор доллар хисорот меоранд.
«Ин ба гароншавии пайвастаи нархи хизматрасониҳои замонавии ҳавопаймоӣ ва сӯзишворӣ вобаста аст. Агар пешниҳоди мо дар хусуси паст кардани нархо ба чунин хизматрасонӣ барои парвозҳои дохилӣ дастгирӣ ёбад, мо метавонем павроз дар хатсайри Курғонтеппа, Кулоб ва Панҷакентро барқарор кунем», - изҳор дошт манбаъ.




Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста