Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистонро мебояд нисбати гурӯҳи монополистони бозори воридоти маводи маҳсулоти нафтӣ чораҳои қатъӣ биандешад.
Ба эътиқоди мавсуф, мизони суръати болоравии нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон кайҳо тамоилҳои ҷаҳониро гузаштаанд ва болоравии нархи маводи сӯзишвории нафтӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ маънои онро надорад, ки нархи бензин дар шаҳри Душанбе ба нархи он дар Ню-Йорк баробар бошад.
Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов таъкид кард, ки рӯйдодҳои ахири фоҷеабори минтақаи Шарқи Наздик ва рушди босуръати иктисоди кишварҳое чун Чину Ҳиндустон омили аслии болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ мебошанд. «Захираҳои ҷаҳонии нафту ангишт тайи 50-100 соли минбаъда ба охир мерасанд ва хатари истифодаи энергияи атомӣ ҳамарӯза возеҳтар аён мегардад, - гуфт ӯ. -Дар чунин шароит талабот ба истифодаи навъҳои энергияи барқароршаванда афзоиш меёбад, ки Тоҷикистон бо захоири обиву энергетикии худ аз он бой аст ва агар мо имрӯз аз ин имконияти худ истифода набарем, минбаъд таърих моро нахоҳад бахшид».
Дар идома раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон иброз дошт, ки дар баробари рушди гидроэнергетика набояд масоили азхудкунии биоэнергетика, пеш аз ҳама энергияи бодӣ ва офтобиро фаромӯш сохт, зеро гидроэнергетика аз шароитҳои обуҳаво вобастагии зиёд дорад.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста