Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс - Лоиҳаи Агентии ИМА барои инкишофи байналмилалӣ (USAID) оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ сенздаҳ ширкатро аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон барои беҳтарсозии содироти молу савдо бо Афғонистон муттаҳид сохтааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи «Ҳамкории содиротӣ» истеҳсолкунандагон, тоҷирон ва созмонҳои байналмилалиеро, ки манфиатдори пурзӯргардонии робитаи тиҷоратӣ бо Афғонистонанд, муттаҳид месозад. Ҳамкории муттаҳидона ба ширкатҳо имконияти дарки беҳтари манфиату захираҳои худро фароҳам меоварад ва дурнамои фаъолияти содироти хешро беҳтар намуда, дар рушди иқтисоди минтақавӣ саҳм мегузорад.
Ба иттилои манбаъ, тӯли се моҳ таҳти барномаи «Ҳамкории содиротӣ» тахминан 60 нафар мутахассис оид ба тиҷорати байналмилалӣ ва таъминоти моли-техникӣ (логистикӣ) дар амалия маводу дониши комил ба даст оварданд. Иштирокчиёни барнома заминаи ташаббуси ҳамкории содиротиро ташкил медиҳанд, ки нияти фиристодани моли бештар аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистонро пайгирӣ мекунанд. Онҳо дар ҷустуҷӯи пайдо намудани ширкатҳои нав дар минтақаанд, то ин ки тавонанд ба рушди ин шарикӣ саҳмгузор бошанд. Ба ҳамсарҳадии Афғонистону ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нигоҳ накарда, сатҳи савдо байни онҳо мутаассифона ҳанӯз зери имкониятҳои вуҷуддошта қарор дорад. Бозори кунунии Афғонистон ба либосворӣ, ғалладона ва маводи саноатӣ эҳтиёҷ дорад, аммо василаҳои савдо барои расонидани ин маҳсулот аз Осиёи Марказӣ ба таври бояду шояд инкишоф наёфтаанд. USAID бо мақсади ривоҷ додани ин воситаҳо дар шарикӣ бо ширкатҳои маҳаллӣ мадад мерасонад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ифтитоҳи барнома сенздаҳ ширкати ҳузурдошта бо вазъи бозори Афғонистон шинос карда шуда, афзалияту дурнамои онро муайян намуданд ва нақшаи ворид шуданро таҳия карданд. Дар хотима ширкатдорон Ёддошти тафоҳум ва ҳамкориеро, ки саҳми онҳоро ба ин шарикӣ муқаррар мекунад, имзо менамоянд. Онҳо инчунин нақшаи чорабиниҳоро, ки пурзӯрнамоии амалҳои содиротии онҳоро ба Афғонистон пешбинӣ мекунад, таҳия хоҳанд кард.
Вобаста ба ин барнома бо мусоидати Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Лоиҳаи Агентии ИМА барои инкишофи байналмилалӣ (USAID) оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ санаи 16-уми майи соли равон ҳамоиш баргузор мегардад, ки дар он коршиносону тоҷирон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат меварзанд.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста