Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Чанде қабл мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо Ваколатдори муваққатии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоил ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи бонкӣ ва чорахои андешида пас аз давраи бӯҳронӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба масоили ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, таъмир ва сохтмони роҳҳо ва ҳамчунин таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сохибкорӣ ва ҷорисозии технологияи нав дар иқтисод таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтанд. «Масоили роҳандозии сиёсати молияву андоз, вазъи кунунӣ, пешгӯйиҳо ва хизматгузории қарзи хориҷӣ, муносиботи Тоҷикистон бо бонкҳо ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошт», - афзуд сарчашма.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста