Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Тайи чанд рӯзи ахир дар пойтахти ҷумҳурӣ қимати сӯзишвории дизелӣ каме коҳиш ёфт.
Агар қаблан дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ қимати 1 литр солярка 6,30-6,50 сомониро ташкил медод, пас феълан он бо арзиши 6 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон», ки воридкунандаи асосии маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, коҳиши қимати сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистонро ба раванди маъмулии тартиботи бозор шарҳ доданд, яъне феълан талабот ба маводи сӯзишвории дизелӣ дар бозор пешниҳодро қонеъ месозад.
Дар ҳамин ҳол, қимати бензин чун пештара боқӣ монда, дар ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» гуфтанд, ки ахиран арзиши бензин дар таърихи 8-уми июни соли ҷорӣ ба андозаи 62 дирам боло рафта буд. Айни замон дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати мазкур қимати бензини навъи АИ-80 – 5,80 (то 8-уми июн 4,95), АИ-92 – 5,90 (5,25), АИ-95 – 6 (5,50) ва АИ-98 – 6,1 (5,65) сомониро ташкил медиҳанд.
Директори генералии ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев чанд рӯзе қабл изҳор дошта буд, ки моҳи май Русия содироти бензини навъҳои АИ-92,АИ-95 ва АИ-98-ро ба таври хеле назаррас коҳиш дод ва моҳи июн низ беҳбудие дар ин самт ба назар намерасад. «Чунин вазъ ба он вобаста аст, ки дар як қатор минтақаҳои Русия маҳз дар таъмини чунин навъҳои бензин камбуд ба мушоҳида мерасад ва шояд нимаи дуюми моҳи июл ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо намояд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Ф. Мирзоев, феълан дар масъааи таъминоти бензини навъи АИ-80, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ҳеҷ мушкилие ҷой надорад ва онҳо мунтазам ворид мешаванд. Дар робита ба масъалаи болоравии қимати маводи сӯзишвории воридотӣ аз Русия номбурда гуфт, он сарфи назар аз тасмими мақомоти раҳбарии ширкат сурат гирифтааст.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
фаридун26 сентябр, 2011 15:03
Ман бениҳоят шодам ки симои пойтахти азизамон руз аз руз дигар шуда истодааст, вале чанд вақт шуд ки маро як масъала ташвиш медиҳад.роҳкирои нақлиёти мусофиркашони ва номунтазам будани рафтуои онҳо.ман ҳайронам ки магар дар пойтахти кишвар мутасадие нест ки ҳамин масъалаҳоро назорат барад.Аксарияти мардум вақте аз кор мебароянд нақлиёт намеёбанд ято якто меояд боз нархашон ҳархела мардуми аз кор монда шуда баромада то 2 соат нақлиёт интизор мешаванд боз пагоҳи ҳамин ҳол. Фаромада баромадан ба машрутҳои ҳозира тамоман ҷавобгу нест шашқад шуда мебарои боз барои як одам фаромадан ду се нафар мехезад боз ба ҷойҳояшон мешинанд хулас тамоман нороҳат мебошад аз ҳамин лиҳоз ман ҳамчун сокини пойтахт аз роҳбарият хоҳиш менамоям намуди нақлиёт,рафтуои мунтазами онҳо ва роҳкироро дар пойтахт танзим намоянд ҳамон газелҳои пештара ё ҳозир мерседесҳояш баромадаги онҳо беҳтар аст барои фаромаду баромад ва бисёр касро мегиранд ва мардум тезтар ба манзилаш мерасад. охир пойтахти азизамон ин оинаи мо тоҷикон аст вақтеки аз хориҷа меҳмонҳо меоянд чунин тартибу низомро дида чи мегуянд.худ андешед шахсони масъуле ки ба шумо бовар намуда вазифаҳоро додаанд камеҳам бошад аз аҳволи мардум бохабар бошед.