Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Моҳи сентябри соли равон дар ноҳияи Варзоб корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 72 ҳазор тонна дар як сол мавриди истифода қарор мегирад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таъсиси корхонаи нав – ҶДММ «Тоҷикистон ба таъмини 180 нафар бо ҷойи корӣ шароит фароҳам меорад. «Ғайр аз ин, ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Мастчоҳ мавриди истифода қарор гирифтани се корхонаи истеҳсоли хишт ба нақша гирифта шуда, айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмону насб дар арафаи анҷомёбианд», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 160 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,8 ҳазор тонна бештар аст.
Ҳамчунин дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар корхонаҳои ватанӣ 28 млн. дона хишт, 25 ҳазор тонна оҳак ва 49 ҳазор метри мураббаъ шиша истеҳсол шудааст.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар корхонаҳои ҶСП «Заводи сементи Самадов» (ш.Исфара), ҶДММ «Ҷ.Собиров» (ш. Табошар), ҶДММ «Лада мармар», ҶДММ «Тоҷикмармар», ҶДММ «Дурдона» ва ғайра ба қайд гирифта шудааст.




Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста