Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутахассисони Эрон дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон нерӯгоҳи барқии «Айнӣ»-ро бунёд мекунанд. Зимни сафари кории президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон рӯзҳои 4-5-уми сентябри соли равон ба имзо расидани созишномаи байниҳукуматӣ дар ин хусус дар назар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовир оид ба сиёсати иқтисодии сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон Аббос Баёнӣ хабар дод, иқтидори нерӯгоҳи мазкур 150 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Айни замон, ба гуфтаи дипломатии эронӣ, чонибҳо масъалаи ҳаҷми ҳиссагузорӣ дар лоиҳаи мазкурро мувофиқа месозанд.
Дар сурати ба имзо расидани созшнома, ин дуввумин нерӯгоҳи барқие хоҳад буд, ки бо маблағгузории Эрон бунёд хоҳад гардид. Айни замон бо маблағгузории муштараки Эрону Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» идома дорад.
Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ҷараёёни сафари корӣ ба Тоҷикистон Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқии «Сангтӯда-2» ширкат варзад. Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки зимни сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли гузашта, ки дар ҷараёни он Ёддошти «Аз ҷониби ширкати эронии «Фароб» мавриди омӯзиш қарор гирифтани сарбанди нерӯгоҳи барқии «Айнӣ» ба имзо расида буд, дар хусуси иштироки Эрон дар сохтмони ин нерӯгоҳ тавофуқи пешакӣ ҳосил гардида буд.
Ҳамзамон Эрон изҳор карда буд, ки дар амалисозии лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои обӣ-барқии «Нуробод-1» ва «Нуробод-2» дар рӯдхонаи Хиноб низ нияти иштирок карданро дорад. Қаблан маблағгузорӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мазкур бо шумули нерӯгоҳи «Айнӣ»-ро Чин ба ӯҳда гирифта буд, вале зери фишори Ӯзбекистон тоб наоварда, аз он даст кашид.




Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста