Муовини сардори Раёсати ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Қурбон Абдуназаров вазъи қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба ҷумҳуриро шарҳ дод.
Қ. Абдуназаров чунин мешуморад, ки нигаронии кишвари ҳамсоя аз ин масъала каме барзиёд нишон дода мешавад, зеро дар сурати бовар кардан ба он, ки ҳамарӯза аз Қирғизистон ба Тоҷикистон то 800 тонна маводи сӯзишворӣ ворид гардад, пас дар ҳолати ба литр баргардонидан он зиёда аз 1 млн. литрро ташкил медиҳад. «Агар ба ҳисоби миёна дар як автомашина 10 тонна маводи сӯзишворӣ интиқол дода шавад, барои чунин микдор 80 адад автомашина зарур аст, - мегӯяд ӯ. – Гузашта аз ин, марзи миёни кишварҳо аз ду ҷониб посбонӣ мешавад ва ҳаракати чунин миқдор нақлиёт аз назари марзбонон дурр наҳоҳад монд».
Ба қавли номбурда, ҳукумати Қирғизистон содироти маводи сӯзишворӣ аз кишварро пурра манъ кардааст ва дар ин сурат бобати қочоқи чунин миқдори зиёди маводи сӯзишворӣ ҳарф задан он қадр дуруст нест.
Қ. Абдуназаров ҳамчунин изҳор кард, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ дар самт тадбир андешида, тақрибан 70 нафар кормандон роҳҳои наздимарзиро мавриди назорат қарор додаанд. «Ғайр аз ин, назорати гумрукӣ низ пурзӯр карда шуд», - гуфт вай.
Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 8 моҳи соли равон Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз 104 ҳодисаи қочоқи маводи сӯзишворӣ пешгирӣ намудааст, ки дар натиҷа беш аз 6,2 млн. литр маводи сӯзишворӣ (52% - бензин, беш аз 40% - сӯзишвории дизелӣ ва 3-4% - равғани мошинӣ) мусодира гардидааст. Беш аз 4 млн. литр маводи сӯзишворӣ дар қаламрави вилояти Суғд мусодира шудааст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзоиши қочоқи маводи сӯзишворӣ ба андозаи тақрибан 40% ба мушоҳида мерасад. Танҳо тайи ду ҳафтаи ахир дар кишвар 3 автомашина бо 33 тонна бензин боздошт шудааст. Ба қочоқи маводи сӯзишворӣ аслан соҳибкорони хусусӣ ва баъзан ширкатҳои начандон бузург машғул мебошанд.




“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста