Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 дода шуданд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» ба тасвиб расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мутобиқи Фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияҳои навинро барои васеъ намудани номгўи на камтар аз нисфи маҳсулоти истеҳсолӣ ҷалб менамоянд аз 1 октябри соли 2011 ба мўҳлати се сол мораторий эълон карда мешавад.
Мақсади эълон намудани мораторий таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, ворид намудани техника ва технологияи муосир, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мебошад.
Соҳаи истеҳсолӣ дар кишвар айни замон ба дастгирии давлатӣ ниёз дорад ва он бояд манбаи асосии воридшавии мунтазами андоз ба буҷет ва зиёдшавии ҷойҳои корӣ бошад.
Аз ин лиҳоз, Фармони мазкур идомаи дастгирии давлатӣ дар самти соҳибкорӣ буда, барои рушди иқтисодиву ичтимоии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ», ки лоиҳаи он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли равон таҳия карда мешавад, танзим мегарданд.
Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки мораторийи мазкур нисбат соҳибкороне, ки санҷиши фаъолияти онҳо гузаронида шуда, вобаста ба натиҷаи санҷиш тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, татбиқ намегардад.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста