Дар зарфи 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 9%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 10,3% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 5,5% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 10,1% зиёд шудаанд.
Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1% (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,7%)-ро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, моҳи сентябр нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,5% афзуданд, аз ҷумла қимати маҳсулоти ғизоӣ – 0,8%, дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ -0,5% зиёд шуда, тарофаҳои хизматгузориҳои пулакӣ ба андозаи 1% поин рафтанд.
Ҳукумати кишвар ният дошт, ки то ахири сол сатҳи таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад, вале дар миёнаи сол он то ба 11% тасҳеҳ гардид.
Хазинаи байнулмилалии асъор пешбинӣ мкунад, ки имсол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 13,5%-ро ташкил дод. Соли гузашта сатҳи таваррум ба 9,8% баробар буд.
Дар ҳамин ҳол, арзиши маҷмӯи маҳсулоти сабади истеъмолӣ барои як узви оила ба ахири моҳи июн 121 сомонӣ (25,4 $) ва дар ҳолати меъёри истеъмоли маҳсулоти серғизо 255, 85 сомонӣ (55,8 $)-ро ташкил додааст.



“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста