Ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» шурӯъ аз моҳи декабри соли равон ба воридоти бензини навъи АИ-98 ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, ин навъи бензин сар аз моҳи май дар Тоҷикистон мавҷуд набуд.
«Ин навъи бензин аз корхонаи коркарди нефти Омск оварда шуда, ҳамин тариқ фурӯши ҳама навъи маҳсулоти нефтӣ дар нуқтаҳои фурӯши ширкат таъмин карда хоҳад шуд, - гуфтанд дар ширкат. - Як миқдори бензини навъи АИ-98 моҳи декабр ба Тоҷикистон ворид шуда, ин ҳаҷм барои як моҳ кофӣ аст».
Бино ба маълумоти ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», айни замон ҷиҳати таъминот ва воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ширкат ҳеҷ мушкилие надорад.
Тибқи иттилои сомонаи ҳукумати Русия, аз 1-уми ноябр ҳаҷми боҷи содиротӣ барои бензин аз 372,2 $ то ба 353,7 $ ва боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии рӯшан аз 271,5 $ то 259,3 $ барои як тонна кам шудааст.
Аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, ки айни замон арзиши миёнаи як литр бензини «мардумӣ»-и АИ-92 дар шаҳри Душанбе 7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали моҳи октябр 20-30 дирам ва қимати моҳи ноябри соли гузашта 59% зиёдтар аст.
Айни замон дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон ширкатҳои зиёде фаъолият доранд, вале 6-тои онҳо дар он мавқеъи бузург доранд. Инҳо – ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» бо касби 51,9%-и ҳиссаи бозор, ҶДММ «Нури Дилшод» - 5,3% -и ҳисса, ҶДММ «Анахито» - 3,6%-и ҳисса, ҶДММ «Озод Интернейшнл» - 4,6%-и ҳисса, ҶСП «Хонақоҳ маҳсулоти нафтӣ» - 4,4%-и ҳисса ва ҶДММ «Умед-88» - 2,3%-и ҳиссаи бозор мебошанд. Ба дигар субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ 27,7%-и ҳиссаи ин бозор рост меояд.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста