Нақшаи солонаи истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ барзиёд таъмин гардида, дар ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ истихроҷи он ба 226160,0 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 33632,0 тн. ё ин ки 117,4 % зиёд мебошад. Санаи 21 октябри соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаи истихроҷи солонаи ангиштро пеш аз мӯҳлат иҷро намуданд .

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра 222782,0 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 26782,0 тн. (113,7%)зиёд мебошад.

 Зиёд гардидани фурӯши ангишт, дар соли ҷорӣ ин аз ҳисоби ба хориҷа содир намудани он, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ, аз конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» 22331,0 тонна ангишт содирот карда шуд.

Таҳлилҳои пешакӣ нишон дод, ки то 1 декабри соли ҷорӣ, муассисаҳои буҷавӣ бо ангишт таъмин гардидаанд. Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор, дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои маориф – зиёда аз 100,0 %, тандурустӣ- 102,0 %, сохторҳои қудратӣ -88,3 % ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” -119,2 % бо ангишт таъмин гардидаанд.

 Иттифоқи “Тоҷикматлубот” бо корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 17579,0 тн. шартнома баста, 20990,0 тн. харидорӣ намудааст. Шумораи нуқтаҳои фурӯш аз тарафи “Тоҷикматлубот” 1153 адад буда, аз онҳо 14383,0 тн. ба фурӯш баровардааст. Захираи ангишт дар нуқтаҳои фурӯши он – 6607,0 тоннаро ташкил медиҳад.

Захираи ангишт бо бақияи ангишти аз солҳои пешин дар анборҳо ва нуқтаҳои фурӯши ангишти корхонаҳои соҳа 52047,19 тоннаро ташкил медиҳад.

 Воридоти ангишт аз дигар ҷумҳуриҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 01.11.2011-ум 7089,85 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ, мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо соли ҷорӣ зиёда аз 1788,0 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт бо захираи 46415,0 тн, аз ҷумла дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-60 адад бо захираи 1528,5 тн, вилоятҳои Суғд-690 адад бо захираи 3610,0 тн, Хатлон-589 адад бо захираи 14420,0 тн, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 416 адад бо захираи 25389,0 тн ва ш. Душанбе-33 адад бо захираи 1467,5 тн мавриди истифода қарор доранд.