Дар семоҳаи сеюми соли равон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ аз Русия маблағи рекордии 12,3 млрд. доллари ИМА ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, - хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Бино ба маълумоти бонк, ба кишварҳои хориҷи дур 7,2 млрд. ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 5,2 млрд. доллари ИМА интиқол дода шудааст.

Миёни муҳоҷирони кишварҳои узви ИДМ дар мақоми аввал бо 1,512 миллиард Ӯзбекистон ва дар мақоми дуввум бо 1,044 миллиард муҳоҷирони тоҷик қарор доранд. Маблағи миёнаи як амалиёт ба Тоҷикистон 296 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар байни кишварҳои хориҷи дур мақоми аввалро Чин ва Швейтсария ишғол мекунанд. Ҳаҷми маблағҳои интиқолшуда ба ин кишварҳо мутаносибан ба 794 ва 770 млн. доллари ИМА баробар аст.

Ҳаҷми маблағи интиқолёфтаи шахсони ҳуқуқӣ аз Русия ба Тоҷикистон нисбат ба маблағи интиқолёфта аз Тоҷикистон ба Русия ба андозаи 996 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.