Сармоягузорони Чин минбаъд низ ният доранд, ки дар бахши кишоварзии Тоҷикистон ҳузури худро густариш бахшанд.
Зимни нишасти хабарӣ сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Дадабоев изҳор кард, ки айни замон ҷиҳати ба шаҳрвандони Чин дар ноҳияи Ёвон ҷудо кардани 200 гектар замин гуфтушунид идома дорад. «Ин заминҳо бар асари сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ барои кишти зироатҳо коршоям нестанд ва барои киштукор истифода намешаванд», - гуфт вай.
Дадабоев таъкид кард, ки моҳи декабри соли гузашта ба ширкати «Син Сзян»-и Чин дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 412 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, мувофиқи шартномаи дарозмуҳлати баимзорасида, ин ширкат барои ба ҳолати коршоям овардани ин заминҳо 2 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад кард.
«Қаблан соли 2010 ба ширкати дигари чиноии «Хайли» аз ҳисоби заминҳое, ки кишоварзони тоҷик истифода намебурданд, ҷиҳати парвариши шолӣ 50 гектар қитъаи замин ҷудо карда шуд ва соли гузашта чиноиҳо аз ҳар як гектари ин қитъаи замин 50 сентнерӣ ҳосили шолӣ ба даст оварданд, - мегӯяд вай. – Ҳосили ҷамъоварда аз ин қитъаи заминҳо ба таври истисноӣ барои истеъмоли дохили кишвар пешбинӣ шудааст, зеро арзиши биринҷ дар Чин нисбат ба Тоҷикистон 30% поинтар аст. Аз ин рӯ, сармоягузорони Чин танҳо бо назардошти имконоти бозори дохилӣ фаъолият доранд».
Дадабоев бар ин назар аст, ки иштироки сармоягузорони хориҷӣ ба рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ такону пешравии мусбат хоҳад бахшид. «Минбаъд дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон бо иштироки сармояи Чин бунёди корхонаи коркарди тухмии хушсифати пунбадона дар назар аст, ки ҳосилнокиаш метавонад то 80 сентнер аз як гектар бошад», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон нишондиҳандаи рекордии ҳосилнокии пахта 20,5 сентнер аз як гектар аст, ки кишоварзони ҷумҳурӣ ба он соли гузашта муваффақ гардида буданд.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста