Корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд, ки ба коркарди амиқи нахи пахта машғуланд, ба тавсеаи бозори фурӯши маҳсулоти худ имкон надоранд ва аз ин рӯ, бо иқтидори аз нисф камтар кор мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, айни замон дар минтақа 12 корхонаи истеҳсоли ришта, матоъ ва маснӯоти дӯзандагӣ фаъолият доранд ва соли гузашта ин корхонаҳо дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2010 ба андозаи 27,4% зиёд карданд.
«Таҳлил нишон дод, ки ин корхонаҳо ба ҳисоби миёна танҳо аз 14,2%-и иқтидори умумиашон истифода бурдаанд. «Айни замон дар вилояти Суғд барои коркарди то 32 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол шароит фароҳам аст, вале ба истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ бозори фурӯши маҳсулот таъсигузор аст, аз ин рӯ, вазифаи асосии истеҳсолкунандагон тавсеаи бозори фурӯш дар хориҷи кишвар аст», - гуфт манбаъ.
Ба гунаи мисол манбаъ дар бораи нишондиҳандаҳои истеҳсолии ҶДММ «Нику-Хуҷанд» маълумот пеш овард. «Соли ҷорӣ дар ин корхона 300 тонн нахи пахтаро коркард карданианд, ҳарчанд иқтидори истеҳсолии корхона ба коркарди то 3 ҳазор тонна пахта дар як сол баробар аст. Сабаб – мавҷуд набудани бозори фурӯш мебошад. Мушкилоти дигар болоравии қиммати пахта соли гузашта дар бозори ҷаҳонӣ буда, ба корхона харидани пахта бо нархи баланд ва сипас фурӯхтани ришта ба шарикони русиягиву туркӣ бо нархи пештара манфиатовар нест. Соли 2011 корхона ба маблағи 1 млн. 331 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки 36% аз ҳаҷми соли 2010-ро ташкил медиҳад», - афзуд манбаъ.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста