Субҳи имрӯз бинобар сабаби фазои пойтахтро фаро гирифтани тумани ғализ, фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Санкт-Петербургу Маскавро қабул карда натавонист. Ин ҳавопаймоҳо барои фуруд омадан ба майдони ҳавоии шаҳри Хуҷанд фиристода шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матуботи ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, ғайр аз ин, айни замон ба иллати тумани ғализ ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Истамбул ва Душанбе-Маскав низ мавқуф гузошта шудааст. «Бо пароканда шудани туман мо бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият хоҳем пардохт», - гуфтанд дархадамоти матбуоти фурудгоҳ.




Голи Парвиз Умарбоев беҳтарини сол дар “Локомотив”-и Булғористон эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Ҳалокати 67 рӯзноманигор тайи 1 сол дар ҷаҳон: RSF мақомотро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста