Ширкатҳои «Dohwa Engineering» ва «Есосеан»-и Кореяи Ҷанубӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати «Pamir Energy» дар деҳаи Мотравни ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии насли нав бо иқтидори 300 кВт оғоз намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти ширкати «Pamir Energy» Абдулло Амонбеков хабар дод, нерӯгоҳи мазкур аз рӯйи технологияҳои навтарини муосир сохта хоҳад шуд.
«Ин нерӯгоҳе хоҳад буд, ки канали дериватсионӣ ё худ нақби обгузар надорад ва бинои нерӯгоҳу тамоми таҷҳизот мустақиман дар болои дарё ҷойгир карда хоҳанд шуд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи А.Амонбеков, муҳлати анҷоми сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии нав дар рӯдхонаи Язғулом дар муддати 6 моҳ ба нақша гирифта шудааст. «Иншооти мазкур эҳтиёҷоти беш аз 180 нафар сокинони деҳаи Мотравн ба нерӯи барқро беҳтар таъмин сохта, аз ҳисоби воситаҳои бурсии ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ бунёд мегардад», - иброз дошт ӯ.
А.Амонбеков мегӯяд, тамоми таҷҳизоти нерӯгоҳ бевосита аз Кореяи Ҷанубӣ оварда шуда, дар давоми сохтмони муштарак бо мутахассисони кореягӣ барои сокинони маҳаллӣ 20 ҷойи нави корӣ фароҳам хоҳад шуд. «Дар робита ба оғози корҳои сохтмони нерӯгоҳ чанде қабл дар шаҳри Хоруғ ширкати «Dohwa Engineering» намояндагии худ – Маркази идораи лоиҳа ва корҳои машваратиро боз намуд», - гуфт номбурда.
Ӯ хотирррасон намуд, ки қарори сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ дар деҳаи Мотравни ноҳияи Ванҷ соли гузашта зимни вохӯрии вазири энергетика ва саноти Тоҷикистон Гул Шералӣ бо мақомоти раҳбарии Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ (KOICA) қабул шуда буд.
Қобили зикр аст, ки «Pamir Energy» лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED), Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байнулмилалӣ буда, арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 26,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 10 млн. доллари ИМА ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон аст. Қарордод ба мудати 25 сол ба имзо расида, бо анҷоми он нерӯгоҳ ба моликияти Тоҷикистон мегузарад.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста