Аз 15 апрели соли равон дар сомонаи озмуни “Монетное созвездие – 2012” www.gold10.ru овоздиҳии интернетии тангаҳо барои дарёфти ҷоизаи “Приз зрительских симпатий”оғоз ёфтааст.
Ҳамон тангае соҳиби ҷоиза мегардад, ки шумораи бештари овозҳоро ба даст орад. Овоздиҳии интернетӣ то 31 майи соли равон идома меёбад. Эълони натиҷаҳо ва супоридани мукофотҳо ба ғолибон 14 июни соли 2012 дар шаҳри Москва дар маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни “Монетное созвездие – 2012”, дар доираи Сеюмин конференсияи байналхалқӣ ва намоишгоҳи тангаҳо КОИНС-2012 баргузор мегардад. Дар озмуни номбурда 250 тангаҳои Бонкҳои марказӣ ва сиккахонаҳо аз 29 давлати дунё ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба озмуни номбурда пешниҳод шудаву дар он ширкат меварзанд, ба ифтихори “20–солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “20–солагии Иттиҳоди давлатҳои мустақил” ба муомилот бароварда шуда буданд.
Дар саҳифаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон баннери озмун бо ишора ба овоздиҳии интернетӣ ҷой дода шудааст. Аз муштариён ва хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки тангаҳои миллии моро, ки дар озмун иштирок доранд, дастгирӣ намоянд ва мавқеи худро ба ҷонибдории он дар саҳифаи зерин: http://www.gold10.ru/cgi-bin/coins2012_rus.cgi изҳор намоянд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста