Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ки рӯзи якшанбе дар шаҳри Теҳрон ба кор шурӯъ кард, вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯй изҳор кард, ки Эрон бо Тоҷикистон перомуни содироти тақрибан 1 млрд. метри муккааб об аз Тоҷикистон ба Эрон гуфтушунид дорад.
Тибқи маълумоти Tehran Times, вазири энергетикаи ин кишвар гуфтааст, қаблан Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон бобати ташкили як роҳи интиқоли обиву энергетикӣ ба мувофиқа расида буданд.
«Барои васл гардидани шабакаҳои барқии се кишвар бояд хатти интиқоли барқи 500 кВ сохта шавад», - гуфтааст ӯ ва афзудааст, ки айни замон имконоти техникии лоиҳа ва ҳаҷми дақиқи сармоягузориҳо мавриди омӯзиш қарор доранд.
М.Номҷӯй таъкид кадааст, ки моҳи марти соли равон сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон як Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расониданд, ки мутобиқи он сохтмони роҳи мошингард миёни кишварҳо пешбинӣ мешавад.
«Агар ин роҳ сохта шавад, ба бунёди лӯлаи интиқоли нафту газ аз Эрон ва интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс имконият пайдо мешавад, - изҳор доштааст ӯ. – Мо ҳамчунин масъалаи сохтмони корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистонро низ мавриди баррасӣ қарор додаем».
Дар ҳамин ҳол, аввали ҳамин моҳ намояндаи Ширкати миллии гази Эрон Абдулҳусейн Баёт ба агентии Mehr News хабар дода буд, ки Тоҷикистон ба воридоти газ аз Эрон манфиатдор буда, «гуфтушунидҳо оид ба ин масъала ояндаи наздик оғоз мегарданд».
Чанде пештар сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор карда буд, ки Эрон содироти газ ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Чинро тавассути лӯлаи интиқолии нав амалӣ карданист. «Мутобиқи созишномаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон, лӯлаи нав тавассути Афғонистон Эронро бо Тоҷикистон ва минбаъд бо Қирғизистону Чин мепайвандад», - гуфта буд ба журналистон дипломатии эронӣ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Tehran Times, айни замон ҳаҷми истихроҷи газ дар Эрон 554 млн. метри мукааб дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Аз рӯйи захоири гази табиӣ дар ҷаҳон Эрон пас аз Русия зинаи дуюмро ишғол мекунад.
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои ахир Тоҷикистон ба таври истисноӣ танҳо аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон газии табиӣ ворид мекунад, вале бар асари мухолифоти мудом пайдошуда миёни ҳукуматдорон, интиқоли он тез-тез қатъ мегардад. Феълан газе, ки аз ҷумҳурии ҳамсоя ворид мегардад, танҳо баҳри эҳтиёҷоти ду корхонаи бузурги саноатии кишвар – Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» масраф мегардад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста