Дар ағбаи Шаҳристон, ки минтақаи шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад, бинобар ҳолати бади роҳ дар баъзе қисматҳо, қариб муддати 40 рӯз ҳаракати 60 адад автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм (фура) манъ гардида буд.
Аммо рӯзи 1-уми июн 40 автомашинаи бузургҳаҷм бо ҳамроҳии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ин қисмати хатарноки роҳро гузашта, ба сафари худ идома доданд.
Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дар ағба боз якчанд чунин автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм боқӣ мондаанд. Ба ОИ «Азия-Плюс» як ронандаи чунин автомашина аз Украина бо исми Николай муроҷиат карда, изҳор дошт, ки то ҳол дар ағба қарор дорад.
«Ба мо ваъда доданд, ки пас аз гузаронидани автомашинаҳои пешин ҳаракати нақлиёти моро низ бо ҳамроҳии кормандони БДА таъмин мекунанд, вале имрӯз аллакай чор рӯз сипарӣ гаштаву ҳеҷ натиҷае нест. Мо то ҳанӯз дар ағбаем», - -гуфт номбурда.
Ба қавли ӯ, айни замон дар ағбаи Шаҳристон 21 автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм қарор доранд, ки 11-тоаш аз Украина буда, 10-тоаш аз Туркия аст.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба ин масъала қаблан муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёров изҳор кард, ки манъи ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм бинобар сабаби вазъи ғайриқаноатбахши роҳ дар ағбаи Шаҳристон сурат гирифтааст.
«Ин роҳ натанҳо аз гардишҳои тангу ҷаридор иборат аст, балки ба обшавии барф ҳам тобовар нест, бинобар он, бисёр қисматҳояш тез-тез хароб мешаванд», - гуфта буд муовини вазири нақлиёт.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста