ҶСК«Бонки Эсхата» дар деҳаи Шарора нахустин нуқтаи интиқоли маблағ боз намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари асосии бонк дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, филиали бонк дар ноҳияи Ҳисор, ки моҳи апрели соли равон кушода шуда буд, аллакай тавонист дар муддати кӯтоҳе дар деҳаи Шарора нуқтаи интиқоли маблағҳоро боз намояд.
Шумори аҳолии деҳаи мазкур беш аз 11 ҳазор нафрро ташкил дода, талабот ба хизматгузории интиқоли маблағҳо зиёд аст, зеро ҳудуди 2 ҳазор нафар сокинони деҳа дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.
Ба гуфтаи мудири филиали бонк Наргис Назарова, ҳадаф аз ифтитоҳи нуқтаи интиқоли маблағ таъмини сокинони ин деҳа бо хизматгузории мусоидаи интиқоли маблағҳо аст. Аз ин ба баъд сокинони деҳа бидуни сафар ба маркази ноҳия ё пойтахт маблағҳои худро метавонанд аз ин ҷо дастрас кунанд. Дар рӯзи аввали ифтитоҳи нуқта ба 20 нафар мизоҷони нахустин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Назарова мегӯяд, дар нуқтаҳои интиқоли маблағи «Бонки Эсхата» интиқоол ва қабули фаврии маблағҳои пулӣ тавассути 13 низоми байнулмилалии интиқоли маблағҳо ва ҳамчунин низоми миллии «Сония» имконпазир аст.
Ёдовар мешавем, ки ҶСК «Бонки Эсхата» соли 1993 таъсис ёфта, 29-уми ноябри соли 1994 иҷозатномаи Бонки миллиро соҳиб шуд. «Бонки Эсхата» бонки тиҷоратӣ буда, ба тиҷорати хурду миёна маҷмӯи васеи хизматгузориҳоро пешниҳод мекунад.
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 15 филиал ва 18 марказҳои хизматрасонии банкӣ, инчунин қариб 128 нуқтаҳои интиқоли маблағи ҶСК «Бонки Эсхата» фаъолият мекунанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста