ҶСК «Агроинвестбонк» дар доираи хизмтгузориҳои «Интернет-банкинг» ба мизоҷон хизматгузории нави «Банкинги мобилӣ»-ро пешниҳод намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд, акнун, баробари пайваст шудан ба хизматрасонии «Интернет - банкинг» ба мизоҷ ба таври ройгон намуди нави хизматрасонӣ «Банкинги мобилӣ» дастрас мегардад. «Бо кӯмаки хизматрасонии мазкур, муштарӣ метавонад ба Бонк наомада, тавассути телефони мобилии хеш, дар давоми шабонарӯз ҳаракати воситаҳоро дар корти пластикии худ назорат кунад, интиқоли воситаҳоро аз корт ба корти дигар, аз ҳисоб ба ҳисоби дигар амалӣ намуда, барои таъмини бехатарӣ ҳангоми харид дар интернет – мағозаҳо ва ғайра кортҳои вертуалӣ тайёр намояд», - гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Ба иттилои манбаъ, барои ҷойгир сохтани «Банкинги мобилӣ» дар телефони мобилӣ, зарур аст, аз сомонаи бонк Java - замимаи махсуси «TW Mobile Banking», ки интерфейси ғайри ихтиёр фаҳмои қулайро пешниҳод мекунад, нусхабардорӣ шавад. «Барои ин танҳо лозим меояд, ки замимаро аз сомонаи бонк фаъол намуд ва корт - ҳисоби мизоҷ мобилӣ мегардад», - афзуд сарчашма.



Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста