Ҳукумати Русия аз 1-уми июл ҳаҷми боҷи содиротӣ ба маводи сӯзишвориро коҳиш медиҳад.

Бино ба маълумоти сомонаи ҳукумати Русия, аз 1-уми июл ҳаҷми боҷи содиротӣ ба 1 тонна нафти хоми русиягӣ аз 419,8 $-и моҳи июн то ба 369,3 $ коҳиш меёбад.

Ҳамин тариқ, аз 1-уми июл ҳаҷми боҷи содиротии маводи сӯзишвории ба истилоҳ сафеди Русия аз 277 $-и аз 1-уми июн муқарраршуда то 243,7 $ барои 1 тонна ва ҳаҷми боҷи содиротӣ ба бензин нисбат ба 377,8 $-и моҳи июн то ба 332,4 $ барои 1 тонна поин бурда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Русия ҳар моҳ меъёрҳои боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиро бозбинӣ мекунад.