Зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев бо намояндаи бонки русиягии баййниминтақавии «Связь-Банк» Андрей Григорович масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Андрей Григорович андешаҳои худро оид ба ҳамкориҳои оянда ва мутақобилан судманди роҳбурдӣ бо Хадамоти муҳоҷират баён дошта, изҳор кард, ки бонк тасмим дорад, дар моҳҳои наздик лоиҳаи Харитаи ягонаро оид ба интиқоли маблағҳо таҳия намоянд. «Аз ин хизматгузорӣ муҳоҷирони кории тоҷик метавонанд истифода кунанд», - гуфт ӯ.
Ҳамчунин намояндаи бонки Русия зикр кард, ки айни замон масъалаи ифтитоҳи намояндагии «Связь-Банк» дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаи иштироки бонки русиягӣ дар таъмиру азнавсозии бинои Маркази таълимии муҳоҷирони кории тоҷик табодули афкор сурат гирифт.




Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста