Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустин тавассути хатсайри нави Душанбе-Боку-Душанберо анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, дар парвози нахуст соати 07:30-и субҳ 11 нафар мусофирон дар ҳавопаймои бароҳату замонавии Боинг 737-500 ба Боку сафар карда, давомнокии парвоз 3 соатро ташкил додааст. «Дар фурудгоҳи Боку мусофиронро кормандони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистону Озарбойҷон, рӯзноманигорони маҳаллӣ, мақомоти роҳбарии фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоии «Азал» пешвоз гирифтанд.

Зимни суханронӣ дар маросими муаррифии хатсайри нав дар фурудгоҳи шаҳри Боку мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Музафар Исҳоқов изҳор кард, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим миёни кишварҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстиву рафоқат миёни мардуми Тоҷикистону Озарбойҷон ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, аз Боку ҳавопаймо бо 5 мусофир соати 15:15 бо майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд омад. Билетҳо ба ин хатсайр бо қимати 240 евро фурӯхта шуданд.

Қобили зикр аст, ки парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Боку-Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд.