Ахиран дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории шаҳри Душанбе камбуди шадиди гази моеъ ба мушоҳида мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори яке аз ширкатҳои бузурги таъминкунандаи ҷумҳурӣ бо маводи сӯзишворӣ - ҶДММ «Фароз» Далер Шукуров хабар дод, айни замон дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ин ширкат захираи гази моеъ пурра ба охир расидааст.

«Рӯзҳои наздик як миқдори нави гази моеъ ворид мегардад. Сабаби камбуди гази моеъ дар он аст, ки ҳар як кишвари содиркунанда нахуст бозори дохилии худро таъмин карда, сипас ба содирот рӯ меоварад, - мегӯяд вай. – Ғайр аз ин, бо пайдо шудани бозорҳои нави бузургтар дар муқоиса бо Тоҷикистон, талабот ба гази Қазоқистон, ки мо асосан аз ин кишвар онро ворид мекунем, бамаротиб бештар шудааст».

Дар робита ба афзудани қимати газ номбурда гуфт, он ба болоравии нарх дар кишвари содиркунанда, тарофаҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва дигар хароҷот вобаста аст.

Имрӯз арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории мавзеъҳои наздики пойтахт 3,70 ва дар шаҳри Душанбе 3,30 сомониро ташкил медиҳад.

Дар яке аз мақомоти марбут ба ин масоили ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки айни замон дар саросари кишвар захираҳои гази моеъ ба сурати умум ҳамагӣ 420 тоннаро ташкил медиҳанд. «Дар зарфи 2-3 рӯз захираи 2,5 ҳазор тонна гази моеъ фурӯхта шуд. Даҳаи аввали моҳи декбар миқдори нави ин мавод ба ҷумҳурӣ ворид гардида, мушкилоти камбуди он ҳал хоҳад шуд», - гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ 76 ҳазор тонн ба маблагӣ 53 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Арзиши миёна барои як тонна гази моеъ ба 697 доллари ИМА баробар шудааст.

Дар муқоиса бо соли 2011 воридоти ин навъи сӯзишворӣ ду баробар зиёд шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба ҷумҳурӣ 33,8 тонна гази моеъ ба маблағи 21,2 млн. доллари ИМА ворид гардида, арзиши як тоннаи он 629 доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли равон 69 доллари ИМА пасттар аст.

Имрӯз ширкатҳои «Газпромнефт Тоҷикистон», «Фароз» ва «Зет газ» аз ширкатҳои бузургтарини воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон оварда мешавад.