Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ноиби президенти Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (КБМ) Димитрис Ситсирагосро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили ҷории таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва молия, нақлиёту энергетика, сармоягузорӣ ба бахши кишоварзиву рушди зербино ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону КБМ баррасӣ шуданд.

Ба қавли Муҳиддинов, зимни вохӯрӣ ба масоили тақвияти кӯмаки техникӣ ва машваратӣ дар амалисозии лоиҳаҳо оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон ва роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила дар бахши тиҷорати кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.