Соли гузашта Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвоҳо ба маблағи 49,5 млн. сомонӣ ва 4,8 млн. доллари ИМА-ро қонеъ намуд.

Раиси суди олии иқтисодии ҶТ Наим Мансуров зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки дар ин давра аз ҷониби судяҳои Суди олии иқтисодӣ 474 парванда баррасӣ ва нисбати онҳо қарор содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли аз ин пеш 46 парванда зиёдтар аст.

«Дар маҷмӯъ бо боварӣ метавонам бигӯям, ки сифати баррасии парванда ва даъвоҳо ба таври назаррас беҳтар шуда, агар соли 2011 аз рӯи 10 парванда қарорҳо бекор шуда бошанд, соли гузашта танҳо нисбати 1 парванда қарор бекор шуд. Умедворем, ки соли равон умуман ҳолатҳои бекор шудани қарори судҳо ҷой нахоҳанд дошт», - иброз дошт Мансуров.

Раиси Суди олии иқтисодии ҶТ зикр кард, ки соли гузашта ба фоидаи буҷети ҷумҳурӣ 11,3 млн. сомонӣ маблағ рӯёнида шудааст. «Мехоҳам ба як масъала равшанӣ андозам, ки Суди олии иқтисодӣ парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои иқтисодиро баррасӣ накарда, танҳо баҳсҳои ҷонибҳо оид ба воситаҳои молиявиро ҳал мекунад», - афзуд номбурда.