Дар зарфи 6 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 4 млрд. 456 млн. сомонӣ (қариб 940 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 6,6 % афзудааст.

Дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат, аз ҷумла ширкати энергохолдингии «Барқи тоҷик», истихроҷи нафту гази табиӣ, саноати истихроҷи ангишт, навъҳои алтернативии энергия ва саноати кӯҳкорӣ таъмин карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – 12,4%, саноати коркард – 64,9%, истеҳсол ва тақсимоти электроэнергия, газ ва об – 22,7%-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра аз шумори 90 номгӯи маҳсулоти муҳими саноатӣ дар 52 номгӯи он (57,8%) ҳаҷми истеҳсол боло  рафта, дар 25 номгӯй (27,8%) истеҳсол коҳиш ва дар 13 номгӯй (14,4%) маҳсулот истеҳсол нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Агентии омор таъкид мегардад, ки тӯли моҳҳои январ-июни соли равон як қатор корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба иллати камбуди гази табиӣ бо иқтидори пурра фаъолият накарда, дар КМ «Азот» ва ҶСК «Тоҷиксемент» маҳсулот истеҳсол нашудааст.

Ҳамчунин дар робита ба норасоии ашёи хом, аз нисф зиёди корхонаҳои коркарди нахи пахта низ бо иқтидори пурра фаъолият накардаанд.