Нимсолаи аввали соли ҷорӣ нархи орд дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон тақрибан 15% поин рафт. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар медиҳад.

Дар вазорат коҳиши нархи маҳсулоти муҳимтарин дар кишварро ба афзоиши истеҳсоли гандум дар дохил ва хориҷи кишвар рабт медиҳанд.

Дар вазорат зикр мекунанд, ки айни замон содиркунандаи асосии орд ба Тоҷикистон Қазоқистон аст. «Дар муқоиса бо соли гузашта имсол  истеҳсоли гандум дар Қазоқистон ва саросари ҷаҳон афзуда, феълан пешниҳод аз талабот бештар аст, ки ба коҳиши нарх оварда мерасонад», - таъкид месозанд иқтисодшиносон.

Ба иттилои манбаъ, соли ахир дар Тоҷикистон низ ҳаҷми истеҳсоли гандум афзуда, агар нимсолаи аввали соли гузашта дар кишвар 372 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шуда бошад, моҳҳои январ-июни соли равон ин нишондиҳанда 479 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки афзоиши истеҳсолоти дохилӣ ба коҳиши ҳаҷми воридот боис гаштааст. Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 103 ҳазор тонна орд ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87 ҳазор тонна камтар аст.