- Ҳеҷ гуна қонуншиканӣ ва берун рафтан аз меъёрҳои сифату бехатарӣ дар маҳсулоти ширкати Roshen дар Тоҷикистон ошкор нашуд, - иттилоъ дод муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбонов.

Ба гуфтаи ӯ, баъди аз ҷониби «Роспотребнадзор»-и Русия манъ шудани воридоти маснӯоти қаннодии ширкати Roshen ба қаламрави ин кишвар бинобар сабаби мавҷудияти бензопирен (маводи дараҷаи аввали хатарнокӣ) дар он, «Тоҷикстандарт» маҳсулоти ин ширкатро мавриди санҷиш қарор додааст.

«Маҳсулоти воридшуда ба Тоҷикистионро мо ҳамеша санҷида, ҳеҷ гоҳ дар маҳсулоти ин ширкат камбудиҳо ба мушоҳида нарасидаанд ва маҳсулот ба асноди меъёрии Тоҷикистон мутобиқат мекунад. Пас аз пайдо шудани хабарҳои зиёд дар ВАО, бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилӣ мо дубора маҳсулоти ин ширкатро санҷидем, вале аз он навиштаҳои ВАО-и Русия чизе тасдиқ нагардид», - зикр кард И.Қурбонов.

Номбурда ҳамчунин таъкид дошт, ки «баҳси атрофи Roshen – бозии сиёсӣ миёни Украинаву Русия аст». «Роспотребнадзор» чандин маротиба воридоти маҳсулоти моро низ ба Русия манъ карда буд ва ҳамеша ин бо мақсадҳои сиёсӣ сурат мегирифт», - афзуд намояндаи «Тоҷикстандарт».