Русия аз 1-уми август маблаги боҷи содиротӣ ба нафти хомро, ки моҳи июл 369,2 $ барои 1 тоннаро ташкил медод, то 379,8 доллари ИМА боло бурд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия, ҳаҷми боҷи содиротӣ ба бензин мутаносибан аз 243,6 $ то 250,6 $ барои як тонна зиёд шуд. Дар ҳамин ҳол, боҷи содиротӣ ба гази моеъ аз 45,2 $-и моҳи июл то 40,5 $ барои як тонна коҳиш ёфтааст.

Бозори сӯзишвории Тоҷикистон имрӯз комилан ба воридот вобаста буда, дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифтани созишнома миёни Тоҷикиситону Русия дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикисион бидуни пардохти боҷи содиротиро интизорӣ доранд. Санаи 6-уми феврали соли равон дар Маскав ин созишнома аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ба имзо расид.

Мутобиқи тавозуни индикативии маъқулшуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни ситонидани боҷи содиротӣ бо назардошти талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млн. тонна пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли гузашта бештар аст.

Ҳудуди 70% аз ин ҳаҷмро сӯзишвории дизелӣ ва бензин ташкил медиҳанд. Минбаъд дар сурати мавриди амал қарор гирифтани созишнома, то 1 –уми октябри ҳар сол ҷонибҳо талаботи дохилии ҷумҳурӣ ба соли минбаъдаро ҳисобу китоб мекунанд.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ зикр карданд, ки дар сурати ҳамин сол мавриди амал қарор гирифтани созишнома, Тоҷикистон тамоми ҳаҷми сӯзишвории зикршуда дар тавозуни индикативиро ворид карда наметавонад ва мутаносибан ин ҳаҷм ба соли 2014 гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки пас аз се соли ҷорӣ шудани пардохти боҷӣ содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон, таъсири он ба нишондиҳандаҳои воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зоҳир гардид. Масалан, ҳиссаи Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон аз 92%-и соли 2010 то ба 40% имрӯз поин рафта, дар ин давра ҳиссаи Қирғизистон, ки сӯзишвории Русияро бидани пардохти боҷи содиротӣ мехарад, аз сифр то ба 40,8% расид.