Дар мулоқоти имрӯзаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо иректори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Масару Хонма ва Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBDR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ульф Хиндстром вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо рафти ҳамкориҳои байни БАТР ва ҳукумати Тоҷикистон, имкониятҳои вусъат додани онҳо, ҳамкорӣ бо Котиботи Шўрои машваратии назди президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин рафти татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонк дар мамлакат маблағгузоришавандаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Масару Хонма қайд намуд, ки бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз фурсати муносиб истифода намуда, мехост бо дастовардҳои ноилгардидаи Тоҷикистон дар самти ислоҳот вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ, беҳбудии фазои сармоягузорӣ ва нақшаҳои минбаъда дар ин самт, аз наздик шинос шавад.

Масару Хонма дар навбати худ иброз намуд, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи истифодабарии қаъри замин дар давлатҳои Қазоқистон, Кирғизистон, Муғулистон ва ғайра лоиҳаҳо маблағгузорӣ менамояд. Айни замон дар Тоҷикистон дар самти беҳтарсозӣ ва рушди соҳаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд ва бо дарназардошти шароитҳои мусоиди фароҳам оварда, ва ҷараёни шаффофи дар ин соҳа таъмин гардида, бонки мазкур метавонад ҷиҳати сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо мусоидат намояд.

Дар натиҷа тарафҳо ҷиҳати ҳамгироии муштарак ҳам дар доираи фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳам дар соҳаҳои дигари эҳтимолӣ омодагии худро иброз намуданд.