- Амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст, - изҳор дошт ба журналистон дар Душанбе Ҳиллари Креймер, шореҳи рӯзномаи Wall Street Journal, коршинос дар барномаҳои Bloomberg, Reuters, CNBC, CNN ва Fox News .

Ӯ дар Конфронси байнулмилалии Душанбе роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об иштирок кард.

Креймер мутмаин аст, ки рушди бахши энергетика дар Тоҷикистон ба бекорӣ хотима мебахшад, зеро аксарияти аҳолии синнусоли коршоями кишвар барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷират мекунанд.

«Муҳоҷирати корӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири зиёд дорад ва сабаби аз ҳам ҷудошавии оилаҳо мегардад. Муҳим будани ин ва дигар мушкилоти марбут ба камбуди барқро кишварҳои ҳамсоя бояд дарк бикунанд. Рушди иқтисоди кишвари шумо зарур аст, вале бидуни рушди шабакаҳои барқӣ он имконнопазир мебошад», - зикр кард ӯ.

Ба андешаи Креймер, барои таъмини вазъи амну босубот дар минтақаи Осиёи Марказӣ амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ муҳим буда, ба рушди минтақа мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки Креймер муаллифи якчанд мавод дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни ИМА ба чоп расидаанд.