Раисони шаҳри Исфараи Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода ва вилояти Бодканди Қирғизистон Учқунбек Жоробоев дар марз дидор ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд.
Тавре ҳукумати ноҳияи Бодканд рӯзи 20-уми май хабар дод, мулоқоти ҷонибҳо дар минтақаи марзии Тумба дар деҳаи Оқ-Сой баргузор шуд.
Зимни гуфтушунидҳо ба мувофиқа расиданд, ки сохторҳои қудратии ҳарду ҷониб барои пешгирии ҳодисаҳои гуногун дар манотиқи наздимарзӣ дар робита ба баргузории чорабиниҳои вобаста ба хатми мактаб, яъне занги охирин навбатдорӣ хоҳанд кард. Дар ин бора пойгоҳи Sduba News of Central Asia хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дарсҳо рӯзи 31-уми май ба итмом мерасанд ва баргузории ҷашнҳо ба муносибати хатми мактаб манъ аст.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз иғво ва ҳифзи субот тамаркуз кунанд.
Дар ин мулоқот намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи ҳарду кишвар низ ҳузур доштанд.
Бояд гуфт, ки бар асари номуайянии марзҳои ду кишвар миёни сокинон ва марзбонон зуд-зуд даргириҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Солҳои 2021 ва 2022 ин даргириҳо ба муноқишаҳои мусаллаҳона печиданд ва боиси марги садҳо нафар шуданд.
Пас аз задухӯрдҳои хунин ҳарду ҷониб корҳои мушаххас кардани марзро аз сар гирифтанд. Тӯли марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон беш аз 970 километрро ташкил медиҳад.