Бинобар сабаби коҳиши шумори мусофирон, ҶСК «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маҷбур шуд, ки шумори қатораҳои хатсайри Душанбе-Маскавро кам кунад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, шумори қатораҳои ин самт аз панҷ то ба се қатора кам карда шуд.

«Коҳиш ё афзоиши шумори мусофирон раванди маъмулӣ аст. Шояд баъди як ҳафта вазъ тағйир ёбад – ё минбаъд коҳиш ёфта ва ё афзоиш меёбад», - гуфтанд дар корхона.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба таҷдиди парк яке аз қатораҳои равуокунанда ба қатораи нав иваз шуда, дар қатораҳои дигар таъмири нақшавӣ гузаронида шуд. Ғайр аз ин, соли равон ҳудуди 100 вагони нави мусофирбар харидорӣ мегардад.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта 306 вагони боркаш, 15 вагони мусофирбар ва 4 тепловоз харидорӣ шуд. Ба ахири соли 2012 парки амволи «КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 119 вагони боркаш, 439 вагони мусофирбар ва 59 тепловоз иборат буд.