Кӯҳканҳои Тоҷикистон аз аввали сол 235 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардаанд. Тавре дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба «АП» иттилоъ доданд, ин ҳаҷм нисбати нишондоди ҳамин давраи соли сипаригашта ба 56 ҳазор тонна бештар аст.

Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда дар саросари xумҳурӣ аз аввали сол то ҳоли ҳозир наздики 195 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Захираҳои ангишт дар анборҳои корхонаҳои машғул ба истихроҷи ангишт бо дарназардошти ҳаҷми боқимондаи солҳои гузашта ва марказҳои фурӯш дар ҳоли ҳозир 86 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки афзоиши ҳаҷми фурӯш ба гузаштани бисёре аз корхонаҳо, аз ҷумла ширкати бузурге чун КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба истифодаи ангишт ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ марбут аст.

Зимнан зикр гардид, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 154 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро пурра бо ангишт ба роҳ монданд, ки талаботи умумии солонаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, талаботи дохилӣ ба ангишт дар оянда афзоиш хоҳад ёфт. Дар нақша аст, ки корхонаи бузурги сементбарорӣ дар ҷануби кишвар ва ҳамчунин Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2» ва дигар корхонаҳое, ки ба ангишт корашонро ба роҳ хоҳанд монд, мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.

Илова бар он, дар робита бо пайвастани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, манъи содироти ангишт аз ҷумҳурӣ, ки моҳи майи соли гузашта ҷорӣ карда шуда буд, бекор гардид.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон бештар аз 412 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Ин ҳаҷми нисбати нишондоди соли 2011 ба 175 ҳазор тонна бештар аст.

Айни ҳол дар кишвар наздики 2 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд.