Рӯзҳои 17-18-уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 10-уми ҷашнии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё) доир мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҶТ, ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2023» низ дар назар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, ахири моҳи гузашта дар ҷаласаи кумитаи тадорукот корҳои омодагӣ ба баргузориии ин конфронс баррасӣ шуданд. Дар кори ҷаласаи ҷашнӣ масоили робитаҳои нақлиётии Авруосиё, ҳамлу нақли автомобилӣ миёни Осиёву Аврупо ва Шарқи Наздик тавассути минтақаи Осиё Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Барномаи ТРАСЕКА дар конфронси Брюссел 3-юми майи соли 1993 тахия гардид. Дар он вазирони нақлиёти 8 давлат, 5 давлати Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва 3 давлати минтақаи Қафқоз (Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон) иштирок доштанд. Дар конфронс оид ба ҷорӣ кардани барномаи кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои рушди роҳи нақлиётӣ ба самти Ғарб – Шарқ, аз Аврупо бо убури Баҳри Сиёҳ ва Каспий бо хурӯҷ ба Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешавад созишнома ба имзо расид.

Соли 1996 ба Барномаи ТРАСЕКА Украина, Муғулистон ва сипас Молодова, соли 2002 Булғористон, Руминия ва Туркистон қабул карда шуданд.