Дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку ҷаласаи дуюми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҷараён дорад.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов ва ҳайати Озарбойҷонро вазири рушди иқтисоди ин кишвар Шоҳин Мустафоев сарварӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни ҷаласаи серӯза баррасии масоили густариши муомилоти молӣ миёни кишварҳо, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, фарҳанг ва варзиш дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин ба дурнамои самтҳои ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ, аз ҷумла ташкили ҳамоишҳои тиҷоратӣ бо мақсади тавсеъаи муносибатҳои кориву тиҷоратӣ, баргузории намоишгоҳу ярмаркаҳои гуногун дар ҳарду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Гуфта мешавад, аз рӯйи натоиҷи ҷаласа оид ба баррасии комплексии масоили дуҷонибаи рӯзмарра протоколи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо хоҳад расид.