Чанде қабл зимни мулоқоти вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори генералии ширкати «Beijeng Jichuang Diansheng»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷенг Ҷуан Шенг масъалаи харчи зудтар аз истифодаи гази табиӣ ба сифати сӯзишворӣ ба истифодаи ангишт гузаштани  ҶСК «Тоҷиксемент» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати мазкур, Гул Шералӣ вусъат бахшидан ба корҳои омодагӣ ҷиҳати гузариш аз гази табиӣ ба ангиштсанг дар ҶСК «Тоҷиксемент»-и шаҳри Душанберо хеле муҳим арзёбӣ намуда, вусъат бахшидани корҳоро дар самти мазкур таъкид намуд.

«Изҳори итминон метавон кард, ки ширкати «Beijeng Jichuang Diansheng» бо истифода аз таҷрибаи худ ҷиҳати босифат ва самаранок анҷом додани гузариш аз гази табиӣ ба ангиштсангро дар ҶСК «Тоҷиксемент» ҳамаҷониба пайгирӣ хоҳад кард», - қайд намуд вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, мавриди баҳрбардорӣ қарор додани оташдони аввал бо истифода аз ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар «Тоҷиксемент», ки ширкати чинӣ корҳои сохтмону насби онро анҷом додааст, рӯзҳои наздик ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, иқтидори ин оташдон истеҳсоли 600 тонна семент дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Баъди анҷоми корҳои насб ва мавриди истифода қарор гирифтани ин оташдон, корхона минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки аз 6 оташдон боз 1-тои дигарашро низ ба истифодаи ангишт гузаронад.

Қобили зикр аст, ки қарордод миёни ширкати чинӣ ва ҶСК «Тоҷиксемент» 28-уми феврали соли 2013 дар Чин ба имзо расид. Маблағи қарордод 7 млн. 730 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, 150 ҳазор $ - ҳиссаи «Тоҷиксемент» ва маблағи боқимонда аз ҷониби ширкати «Beijeng Jichuang Diansheng» ба сифати қарзи имтиёзнок пешниҳод шудааст. Муҳлати баргардонидани қарз 2 сол муқаррар гардидааст.