Моҳи августи соли равон ҳудуди 162 млн. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд, ки нисбат ба моҳи июли ҳамин сол 3,5% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», ин миқдор 10,5%-и ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар кишвар дар моҳи август (1 млрд. 545 млн. кВт/соат)-ро ташкил медиҳад.

Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Афғонистон дар маҷмӯъ 600 млн. кВт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон содирот шудаааст.

Дар муқоиса бо моҳи июл бошад, истеҳсоли нерӯи барқ ба андозаи 2% камтар шуда, моҳи август ба ҳисоби миёна шабонарӯзӣ ҳудуди 49,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гардидааст. Нишондиҳандаи шабонарӯзии истеҳсол дар моҳи июл ба ҳисоби миёна 50,8 млн. кВт/соатро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи август истифодаи барқ дар саросари кишвар ба беш аз 1 млрд. 378 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи июл қариб 2,8% камтар мебошад.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ахири моҳи август сатҳи оби обанбори Норак ба 910,39 метр аз сатҳи баҳр расидааст, ки нисбат ба моҳи июл 7,13 метр ва ҳамин давраи соли гузашта 0,30 метр баландтар аст.