Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 5 млрд. 820 млн. сомонӣ (беш аз 1,2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,7% зиёдтар аст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар Агентӣ дар навбати аввал ба аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли он дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат марбут медонанд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 12,7, саноати коркард – 65 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 22,3%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим дар 8 моҳи соли равон дар 51 номгӯи он (56,7%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 26 номгӯй (28,9%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи маҳсулот (14,4%) истеҳсол нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки моҳҳои январ-августи ҳамин сол як қатор корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик» бинобар сабаби камбуди гази табиӣ бо иқтидори пурра кор карда натавонистанд. Бо ин сабаб корхонаи муштараки «Азот» ва ҶСК «Тоҷиксемент» комилан аз фаъолият бозмонданд. Ғайр аз ин, ба иллати кабуди ашёи хом аз нисф зиёди корхонаҳои коркарди нахи пахта низ бо иқтидори пурра фаъолият накардаанд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 9,8 млрд. сомонӣ (беш аз 2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.