Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо сафири Италия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) ҷаноби Рикардо Манара масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Давлаталӣ Саидов ба сафир оид ба самтҳои фаъолияти Кумита, фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҷаноби Рикардо Манара таъкид дошт, ки мақсади ташрифи ӯ ба Тоҷикистон густариш ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Италия буда, дар ин ҷода сафири Италия ҳавасмандии ширкатҳои италиявиро ҷиҳати пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳор кард.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо имкониятҳои вусъат додани ҳамкориҳо миёни Италия ва Тоҷикистон, масъалаи имконияти сармоягузории ширкатҳои давлати мазкур ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳаҳои коркарди нахи пахта ва мева, ки дар он ширкатҳои италиявӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо баҳри ҷалби сармоягузории ширкатҳои итолиёвӣ ба иқтисоди Тоҷикистон тавофуқ ҳосил намуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомиолоти мол миёни Тоҷикистону Италия 16,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 30% камтар аст. Моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Италия ба маблағи беш аз 11,3 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуда, маблағи умумии маҳсулоти воридотӣ аз Италия ба Тоҷикистон дар ин давра ба 5,2 млн. доллари ИМА баробар шудааст.