Рӯзи 22-юми сентябр дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ таҳти унвони «Ҳадяи табиат» дар шаҳри Сочии Русия кишоварзони тоҷик низ маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, дар доираи ин чорабинӣ намоиши барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик низ дар назар аст. «Ҳамчунин баргузории як қатор мизҳои гирди муштараки соҳибкорони тоҷику рус пешбинӣ гардида, тоҷирони рус бо ҳамтоҳои тоҷики худ ҷиҳати имконоти таҳвили маҳсулоти кишоварзони тоҷик ба Русия гуфтушунидҳо анҷом медиҳанд», - иброз дошт ӯ.

Эгамзод бар ин назар аст, ки намоишгоҳи мазкур натанҳо ба пешбурди роҳёбии маҳсулоти кишоварзони тоҷик ба бозорҳои Русия мусоидат мекунад, балки барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги фарҳангиву сиёсӣ низ дорад.

Номбурда хотирррасон намуд, ки санаи 23-юми сентябр дар шаҳри Сочи нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардида, бо роҳбарии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Тоҷикистон низ дар он ширкат меварзад.