Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо ҳайати намояндагони Бонки Исломии Рушд (БИР) оид ба соҳаи кишоварзӣ таҳти сарварии Директори Департаменти кишоварзӣ ва рушди деҳоти БИР Демба Ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону БИР баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, ҳайати намояндагони БИР бо мақсади гузаронидани вохӯриҳо бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон баҳри баррасии афзалиятҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин ҷода, имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷониба ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Ба иттлои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ тарафҳо ҷараёни ҳамкориҳои миёни бонк ва ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот, ҳамзамон имкониятҳои вусъат додани онҳоро мавриди муҳокима қарор дода, раиси Кумита оид ба рафти ҳамкориҳои тарафайн маълумоти мухтассар пешниҳод намуд ва онҳоро ҳамчун Мудири Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон мусбӣ арзёбӣ намуд.

Таъқид гардид, ки Бонки Исломии Рушд яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба шумор меравад, ки тавассути пешниҳоди карзҳои имтиёзнок дар рушд ва баркароркунии соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки иктисодиёти Тоҷикистон ба монанди соҳаи энегетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ, маориф ва ғайраҳо саҳми арзанда гузошта истодааст.

Дар навбати худ, аз ҷониби Директори Департаменти кишоварзӣ ва рушди деҳоти БИР қайд гардид, ки дар натиҷаи афзоиши сармояи Бонк, ки бо қарори Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд ҳангоми баргузории вохӯрии 38-уми солонаи он дар шаҳри Душанбе моҳи майи соли 2013 қабул гардидааст, Бонк имконият ба даст овадааст, ки лоиҳаҳои бештар ва калонтарро дар кишварҳои аъзо маблағгузорӣ намояд. Дар ин замина, Демба Ба омодагии ҳамаҷонибаи бонкро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти маблағгузории лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон иброз намуд.

Вобаста ба ин, раиси Кумита пешниҳод намуд, ки баҳри тақвияти ҳамкориҳои тарафайн дар ҷодаи рушди деҳоти ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз таҷрибаи Бонки Исломии Рушд ва маблағгузории имтиёзноки он, ҳамкории зич миёни бонк ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба роҳ монда шавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи декабри соли 1996 Тоҷикистон ба узвияти Бонки исломии рушд пазируфта шуд. Сандуқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону БИР аз 23 лоиҳа ба маблағи умумии 191,1 млн. доллари ИМА иборат аст, ки 15 лоиҳаи он ба маблағи 4,5 млн. $ ба кӯмаки техникии марбут ба арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаҳо ва беҳбуди имконоти сохторҳои давлатӣ равона шудааст. Айни замон дар ҳамкорӣ бо БИР дар Тоҷикистон 15 лоиҳа комилан амалӣ гардида, дар доираи он 64 млн. $ маблағҳо азхуд шудаанд.