Имрӯз вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Марша Олив Созишнома дар бораи ҷудо кардани бурс барои маблағгузории «Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.

Тавре аз намояндагии БҶ дар ҶТ хабар доданд, бурс дар ҳаҷми 19,8 млн. $ ба Тоҷикистон барои беҳбуди солимии модарону кӯдакон тавассути афзоиши миқёси фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматгузориҳои аввалияи заминавӣ дар муассисаҳои тибббии деҳот ихтисос дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи нав аз ҳисоби воситахои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ба маблағи 15 млн. $ ва ҳамчунин Фонди трастии натиҷаҳои инноватсионии тандурустӣ (Health Results Innovation Trust Fund) ба маблағи 4,8 млн. $ сармоягузорӣ шуда, саҳми ҳукумати Тоҷикистон иловатан 3,20 млн. $-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Марша Олив, бо беҳбуди самаранокии фаъолияти муассисаҳои шабакаи аввалияи кӯмаки тиббӣ бо шумули муассисаҳои воқеъ дар манотиқи деҳот, метавон ба беҳбуди сатҳи солимии оилаҳо ва некӯаҳволии минбаъдаи онҳо ноил гардид.

Гуфта мешавад, амалисозии ин лоиҳа дар ҳашт ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд бо фарогирии 1,86 млн. нафар аҳолӣ дар назар аст.

Муддати 20 соли ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ бо Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ давраҳои омӯзишии беш аз 4 ҳазор нафар кормандони низоми тандурустиро маблағгузорӣ намуда, ба таъмиру барқароркунии тақрибан 20%-и муассисаҳои шабакаи аввалияи бахши тандурустӣ мусоидат намуд.

Айни замон, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 12 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои умумӣ дар ҳаҷми 205,9 млн. ллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқро бахши кишоварзӣ ва рушди деҳот (40%), обтаъминкунӣ ва санитария (15%), рушди инсон (14%) энергетика (13%), бахши давлатӣ (12%) ва бахши хусусӣ (6%) ташкил медиҳанд.