Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ - 2013» 21-уми сентябр интиқоли зойиринро ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шурӯъ менамояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти Арабистони Саудӣ дар ҳавопаймои бароҳати Боинг 757-200 иҷро гардида, нахустин гурӯҳи зойирин - 210 нафар аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Мадина интиқол дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» тибқи муқаррарот аз 21-уми сентбр то 1-уми октябр бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зойиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад ва аз санаи 19-уми октябр то 2-юми ноябр бо иҷрои 13 парвози дигар ҳоҷиёни тоҷикистониро ба ватан бармегардонад.

Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ ҶСК «Тоҷик Эйр» 2 ҳазору 730 нафарро барои иҷрои адои маросими ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ интиқол медиҳад, ки ин 40%-и маҷмӯи умумии зойирини тоҷикистонӣ дар соли ҷориро ташкил медиҳад.